Ғоратгарон 6330 сомонӣ ба аҳолӣ зарари молӣ расонидаанд.ВИДЕО ИНФОГРАФИКА









Дар фосилаи ду моҳи соли ҷорӣ дар шимолии Тоҷикистон нисбати 10 нафар бо моддаи 248-и кодекси ҷиноятии ҶТ «ғоратгарӣ» парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Дафтари матботи мақомоти корҳои дохилии вилояти Суғд иттилоъ медиҳад, ки 10 нафар дар содир кардани 5 ҳолати ҷинояти ғоратгарӣ муттаҳам мешаванд. Бо ҷурми ғоратгарӣ дар ин давра сокинони шаҳру навоҳии Исфара, Панҷакент, Истаравшан ва Бобоҷон Ғафуров боздошт шудаанд. Зарари молии ба аҳолӣ расонидаи ғоратгарон дар моҳҳои январ-феарвли соли ҷорӣ 6 ҳазору 330 сомонӣ арзёби мегардад. 

Дар инфографикаи видеоӣ ҷинояти ғоратгарӣ аз соли 2000 то 2016 гирдоварӣ шудааст.

Комментарии