КАМШАВИИ МУРҒУ ИСТЕҲСОЛИ ТУХМ ДАР ТОҶИКИСТОН

Мурғпарварони мамлакат дар як сол имкони бо 14 донагӣ тухм таъмин намудани аҳолии 8 миллиону 921 ҳазор нафараи Тоҷикистонро доранд. Аммо коршиносон мегӯянд, ҳамоно Тоҷикистон дар масъалаи истеҳсоли тухм ва гӯшти мурғ дар байни кишварҳои ИДМ дар зинаи охирон қарор дорад. Бино ба иттилои Ассотсиатсияи паррандапарварҳои “Евроосиё” дар ҷаҳон 7 миллиарду 470 ҳазор нафар ба сар мебаранд ва соле 116 200 000 тонна гӯшти мурғ истеҳсол мешавад, ки ба сари як нафар 15,6 кило рост меояд. Аз рӯи маълумотҳои оморӣ соли 2016 дар ҳамаи навъҳои хоҷагидории Тоҷикистон 5143 ҳазор сар парранда парвариш карда, дар ин давра 357,2 млн. дона тухм истеҳсол шудааст.

Маълумори бештарро дар ин замина аз ду ИНФОГРАФИКАИ зерин пайдо кунед:


Комментарии