Чандрасонаӣ

     
                              “Хоҷа, боғ дорӣ? Дорам!” (Чандрасонаӣ)

Аз таҷдиди хоҷагиҳои деҳқонӣ дар      вилояти Суғд кӣ фоида дид?
Теъдоди хоҷагиҳои деҳқонӣ дар вилояти Суғд рӯз то рӯз афзоиш меёбанд. Агар соли 2013 дар ҳудуди вилоят 18 193 хоҷагӣ фаъолият дошт, соли гузаштаи 2016 сафи онҳо ба 62 543 расид.
Масъулини бахши кишоварзӣ мегӯянд ба воситаи таҷдиди хоҷагиҳои деҳқонӣ, онҳо ният доранд бештари деҳқононро, ки дар гузашта бе ҷои кор ва замин монда буданд, бо ҷои кор таъмин кунанд. Дар натиҷа, бино ба иттилои масъулини Кумитаи замини вилояти Суғд дар фосилаи се соли ахир ҳудуди 323 ҳазор нафар саҳҳомон, ки  ба ҳисоби миёна 65 ҳазор оиларо ташкил медиҳад, бо қитъаи замин таъмин шуданд.

 Аслан таҷдиди хоҷагиҳо дар пайи қарори раиси вилояти Суғд “Дар бораи азнавташкилдиҳии хоҷагиҳои деҳқонии калонҳаҷм дар вилояти Суғд” амалӣ мегардад. Тибқи ин қарорҳо беш аз 3700 хоҷагиҳои деҳқонии калонҳаҷм мавриди таҷдид қарор гирифта, аз ҳисоби он зиёда аз 40 ҳазор хоҷагиҳои деҳқонии инфиродӣ ва оилавӣ ташкил гардид. 



                “Фючерист барои ҶИП, деҳқон барои ғӯзапоя!”
Ин ҳам дар ҳоле, ки ба иттилои Сарраёсати кишоварзии вилояти Суғд замони шӯравӣ дар вилоят 72 хоҷагиҳои давлатӣ, яъне совхозҳо ва 64 хоҷагиҳои коллективӣ -колхозҳо мавҷуд буданд.

Дар пайи барҳам хӯрдани СССР ва ба вуҷуд омадани шаклҳои нави моликият, ҳамчунин заиф гардидану канда шудани муносибатҳои иқтисодии кишварҳои пасошӯравӣ, вазъи молиявии хоҷагиҳои кишоварзӣ дар Тоҷикистон бамаротиб бад гардид. Масъулин, ҳамчунин ба ин бовар буданд, ки пешбурди хоҷагиҳои хурд назар ба хоҷагиҳои калон осонтар аст.  Аз ин рӯ, ҳукумат  таҷдиди колхозу совхозҳоро дар ин шароит муҳим шуморид.


 Бобоҷон Домуллоев, мушовири сардори Сарраёсати кишоварзии вилояти Суғд ба он бовар аст, ки таҷдиди хоҷагиҳои калонҳаҷм аз чанд ҷиҳат ба деҳқонон низ манфиатовар аст. Аз ҷумла, ба гуфтаи ӯ акнун деҳқон мувофиқи нақшаи давлат не, балки мутобиқ ба талаботи бозор заминашро кишт мекунад. Ҳамчунин, ба иттилои ӯ, дар замони шӯравӣ  70-80 ҳазор гектар замин дар вилояти Суғд ба кишти пахта машғул буд, ки барои нигоҳубини танҳо як гектари он тақрибан 600 доллар зарур буд. Пахтакорӣ асоси бахши кишоварзии Тоҷикистонро ташкил медод ва аз ин рӯ хоҷагидорон муваззаф буданд, ки ба пахтакорӣ афзалияти бештар диҳанд.
Бояд гуфт, чанд соли баъди таҷдиди хоҷагиҳои кишоварзӣ низ масъалаи кишти пахта аз байн нарафт. Тақрибан то солҳои 2005, ҳарчанд деҳқонон хоҷагиҳои деҳқонӣ ташкил кардаву расман дар идораи замин мустақил буданд, аммо мақомот аз онҳо талаб мекарданд, ки дар заминашон пахта парвариш намоянд. Акнун ба ҷои “нақшаи пахта”, ки дар замони шӯравӣ бисёр маъруф буд, мафҳуми дигар–“дурнамо” ба вуҷуд омад.  Ин замоне буд, ки нархи нахи пахта дар биржаҳои ҷаҳонӣ хеле баланд буда, аз фурӯши он як идда монополистон манфиати зиёд ба даст меоварданд. Он солҳо дар гуфтор  мардум хушгӯии ҳузнангез пайдо шуд: “ҶИП аз куҷо меояд? Аз “кип”-и пахта!”.

 Деҳқонон бошанд, ба онҳо пахтаро дар шакли хом фурӯхта, даромади ночиз доштанд. Илова ба ин, фючеристҳое пайдо шуда буданд, ки аз ҳисоби ба деҳқон бо арзиши баланд фурӯхтани сӯзишворӣ, нуриҳои минералӣ, иҷора додани техникаи кишоварзӣ манфиати зиёд медиданд. Аммо деҳқони одӣ на танҳо даромад намедидид, балки дар бисёрии ҳолат муфлису қарздор ҳам мегашт. Гуфта мешуд, аксарияти деҳқонҳо ҳатто маоши дуруст ҳам аз ҳисоби кишти пахта пайдо намекарданд ва танҳо барои аз замин гирифтани ғӯзапоя, ки онро ҳамчун сӯзишворӣ дар танӯрҳояшон истифода мебаранд, заҳмат мекашиданд.
Дар натиҷа, деҳқонҳо аз замин дилсард гардида, аз он дурӣ меҷӯстанд. Мафҳуми “қарзи замин”, ки аз ҳисоби қарзи ба хоҷагиҳо пешниҳодкардаи фючеристҳо дар шакли нӯриву сӯзишворӣ ва техникаи гаронарзиш пайдо шуда буд, ба 600 миллион доллар дар тамоми Тоҷикистон дакка хӯрд.    

Дертар, дар пайи авлавият додани стратегияи амнияти ғизоӣ дар кишвар деҳқон то андозае мустақилият пайдо намуд. Ин замоне буд, ки арзиши пахта низ дар биржаҳо рӯз то рӯз поин мерафт.  




                              
                                            “Об аз куҷо меояд?”

 Таҷдиди хоҷагиҳои калонҳаҷм то ҷое деҳқононро дар интихоби пешбурди кори кишоварзӣ ҳавасманд намудааст. Нодира Авезова, деҳқонзан аз ҷамоати деҳоти Чоркӯҳи Исфара мегӯяд, дар ин ҷамоати ҳаммарз бо Қирғизистон 272 хоҷагии калон таҷдид шуд. Ба ҳар деҳқон аз ҷумла Нодира Авезова 14 сотих замини корам ва 13 сотих майдони боғ ҷудо гардид. Деҳқонзан мегӯяд, ҳоло дар заминаш шоливу гандум, ҷуворимаккаву помидор, картошка, карам ва дар ҳосили дуюм сабзиву лаблабу, шалғам ва лӯбиёгиҳо кишт карда, ба ин васила иқтисоди оилаашро пеш мебарад.


Коршиносони соҳаи кишоварзӣ ба таҷдиди хоҷагиҳо дар шароити феълӣ аз чанд ҷиҳат баҳо медиҳанд. Онҳо мегӯянд ҳоло, ҳарчанд деҳқон дар кишти маҳсулоти кишоварзӣ мустақил аст, аммо ин маънии онро надорад, ки меъёрҳои кишоварзиро пушти по занад. Ба ҷуз ин, дар натиҷаи таҷдид, нафароне низ соҳиби замин шудаанд, ки дониши кишоварзӣ надоранд.



Тавре маълум, соҳаи кишоварзӣ бидуни обёрии дуруст наметавонад самараовар бошад. Аммо аксарияти хоҷагиҳои кишоварзӣ, ки бо нассос обёрӣ мешаванд, айни кишту кор ва мавҷуд будани лимити барқ бо норасоии ҷиддии об мувоҷеҳанд. Аз 14 январи соли равон лимити барқ расман барҳам хӯрд, шояд мушкилоти ин бахш то ҷое камтар мешаванд.

Вале масъалаи дигаре, ки ҳамоно ба хоҷагиҳои хурди деҳқонӣ аз ҳисоби об мемонад, тақсими об аст. Ба таври дигар, замони обёрӣ, азбаски хоҷагиҳои хурд яке дар паи дигарӣ ҷо гирифтаанд ва тақрибан барои ҳамаашон дар як фурсат обёрӣ зарур мешавад, “ҷанҷоли об” бисёр муҳим мегардад. Замоне, ки хоҷагиҳои бузурги совхозу колхоз роҳбари ягона доштанд, чунин баҳсҳо хеле кам иттифоқ меафтод.






























                         Хоҷагиҳо зиёд, андоз кам мешавад. Чаро?

 Мақомоти андоз дар вилояти Суғд мегӯяд хоҷагиҳои кишоварзӣ  солона наздики 80-100 миллион сомонӣ ба буҷаи вилоят андоз месупоранд. Агар дар соли 2015 хоҷагидорон дар умум 80 млн сомонӣ ба буҷа андоз ворид карда бошанд, ин рақам дар даҳ моҳи соли 2016 ба 84 миллион сомонӣ баробар шудааст. Ин дар ҳоле, ки вазни қиёсии пардохти андоз аз ҳисоби соҳаи кишоварзӣ сол то сол коҳиш меёбад.  




 Обиди Муҳаммадсаид, муовини сардори Раёсати андози вилояти Суғд мегӯяд, ҳарчанд дар пайи таҷдиди хоҷагиҳои калони кишоварзӣ дар вилояти Суғд беш аз 60 ҳазор хоҷагиҳои деҳқонии нав таъсис ёфта бошад ҳам, аммо то ба 1 ноябри соли 2016  дар қайди мақомоти андоз танҳо 55 ҳазору 211 хоҷагӣ сабти ном шудаанд.  Зеро таҷдиди хоҷагиҳои калонҳаҷм то ҷое чанд мушкилотеро низ ба ҷой гузоштааст. Аз ҷумла, на ҳама хоҷагиҳо дар мақомоти давлатӣ ба қайд гирифта шудаанд.

Бино ба иттилои мақомоти андоз Кумитаи заминсозии Тоҷикистон ба 60 ҳазору 518 хоҷагии деҳқонии вилояти Суғд сертификати ҳуқуқи истифодаи заминро дода бошад ҳам, ҳамоно 5 ҳазору 300 хоҷагиҳои деҳқонӣ то имрӯз сабти ном нашудаанд. 



 Ҳамчунин, масъулин мегӯянд сабаби дигар ба имтиёзҳое иртибот мегиранд, ки бахши кишоварзӣ дар вақти андозсупорӣ доранд. Тибқи қонунгузории мавҷуда ҳар як саҳмдори хоҷагиҳои деҳқонӣ тӯли як сол дар заминҳои обӣ моҳона 10 сомонӣ ва дар заминҳои лалмӣ дар мудати 7 моҳ ба ҳар як саҳмдор 10 сомонӣ андози иҷтимоӣ пешбинӣ шудааст. Ҳамин тавр, хоҷагидорон танҳо ду намуди андоз: андози ягона аз қитъаи замини истифодабурдаашон ва андози иҷтимоӣ пардохт мекунанду халос. Аммо агар хоҷагидорон коргари кироя истифода баранд, техникаи кишоварзиро ба иҷора гиранд, дар он вақт онҳо бояд андоз аз даромад ва барои истифодаи коргари кироя пардохти андози иҷтимоиро бояд супоранд.
Назари масъулин дар бораи имтиёзҳои андозиро доираҳои таҳлилӣ чандон ҷиддӣ намегиранд. Коршиносон мегӯянд, дар бисёрии кишварҳо бахши кишоварзӣ аз ин ҳам имтиёзҳои бештар доранд ва аз сӯи давлат кӯмакпулиҳо низ мегиранд. Дар натиҷа, кишоварзон на танҳо кишварҳои худро бо маҳсулоти хуби ватанӣ таъмин мекунанд, ҳамчунин қисмати бузурги маҳсулоташонро ба хориҷи кишвар содир мекунанд. Барои мисол аз бозорҳои Тоҷикистон намуна оварда мешавад, ки дар бисёрии ҳолатҳо маҳсулоти кишоварзии хориҷӣ назар ба маҳсулоти ватанӣ қиммати камтар доранд.
Аммо масъулини блоки кишоварзии Тоҷикистон ҳамроҳ бо кормандони соҳаи андоз ҳоло ҳам дар ин фикранд, ки чӣ гуна ҳаҷми андозҳоро аз кишоварзӣ афзун намоянд.

Тибқи ахбори расмӣ давоми се соли охир 12 ҳазору 700 хоҷагиҳои деҳқонӣ расман дар мақомоти андоз ба қайд гирифта шудаанд. Агар 5 ҳазору 300 хоҷагии деҳқонии то ҳанӯз сабти номнашуда низ ба қайди расмӣ гирифта шаванд, он вақт дар пайи ислоҳоти сесолаи хоҷагиҳои деҳқонии калонҳаҷм, ки мақомоти иҷроияи вилояти Суғд онро муҳим шумуридааст, наздики 17-20 ҳазор хоҷагиҳои деҳқонии расмӣ пайдо мешавад. Феълан дар шаҳрҳои  Исфара 1130, Панҷакент 1160, Истаравшан 1342, дар ноҳияи Мастчоҳ 1322  ва дар дигар шаҳру навоҳӣ аз 100 то 200 хоҷагии деҳқонӣ дар қайди давлатӣ нестанд. 



 Ин ҳам дар ҳоле, ки ба гуфтаи Обиди Муҳаммадсаид, муовини сардори Раёсати андоз дар вилояти Суғд қарзи хоҷагидорон аз андоз  ҳар моҳ афзоиш ёфта, ҳоло ба таги 20 млн сомонӣ расидааст.
Тавре ишора шуд, соли 2009 мутобиқи як қарори Ҳукумати Тоҷикистон маблағи муайяни қарзҳои хоҷагиҳои кишоварзӣ то 1 январи соли 2015 тамдид шуда буд. Он вақт хоҷагидорони кишвар танҳо аз андоз 194 млн сомонӣ қарздор буданд ва баъдан қисме аз ин қарзҳо аз ҳисоб соқит гардиданд. Вале баъди тақсимоти хоҷагиҳои калонҳаҷм дар вилояти Суғд соҳибони замин дигар шуданду акнун бино ба гуфти Обиди Маҳмадсаид роҳбарони хоҷагиҳои навтаъсис аз пардохти ин қарзҳо саркашӣ мекунанд. “Онҳо ин масъаларо дар миён мегузоранд, ки мо хоҷагии деҳқонии навтаъсис ҳастем ва ба қарзҳои хоҷагиҳои қаблан қарздоршударо сару кор надорем.”

Бобоҷон Домуллоев, мушовири сардори Сарраёсати кишоварзии вилояти Суғд низ мегӯяд, хоҷагидорон ҳоло танҳо аз андоз қарздоранд. Қарзҳои калони об, бонк, маблағҳои сармоягузоронро ҳукумат ҳангоми таҷдиди хоҷагиҳо бекор кардааст.  Аммо ба назари коршиносон дар ояндаи наздик “қарзи замин”, ки тасвираш болотар зикр шуд, ба як мушкили гиреҳхӯрдаи дигар табдил хоҳанд ёфт. Масъулин ҳам ин нуктаро аз эҳтимол дур намедонанд:




                          “Меҳнати дастӣ” ё 20000 $ барои як трактор
Мавзӯи бо техникаи кишоварзӣ таъмин намудани хоҷагиҳои кишоварзӣ низ ҳоло ба ҳалли ниҳоии худ нарасидааст.

Валиҷон Маюсупов, сардори шӯъбаи бозрасии назорати давлатии техникии кишоварзӣ дар Суғд мегӯяд, ҳоло дар вилоят 70-80 фоизи техникаҳои кишоварзӣ пурра корношоям шудаанд. Танҳо барои таъмир ва хариди дигар мошинолотҳо бино ба таҳлилҳои ин шӯъба ба хоҷагиҳои кишоварзии Суғд беш аз 65 млн сомонӣ зарур аст. Аммо барои таъмиру харидории техникаҳои кишоварзӣ аз буҷаи вилоят маблағ  ҷудо намешаваду деҳқон имкони харидории онҳоро надорад.





  Валиҷон Маюсупов, сардори шӯъбаи БНДТК дар вилояти Суғд мегӯяд аз сабаби кӯҳнаву таъмирталаб гардидани техникаҳои кишоварзӣ онҳо корҳои агротехникӣ ва шикастурехтро саривақт иҷро карда наметавонанд. Аз ин рӯ, феълан соҳаи кишоварзии Суғд ба норасогии тракторҳо, техникаҳои хошокдарав ва комбайнҳои пахтачин рӯ ба рӯст. Комбайнҳои пахтачин пурра нокифоя буда, бино ба гуфти ҷаноби Валиҷон Маюсупов ҳоло ба майдонҳои пахтакори Суғд боз 30-40 адад чунин техника лозим аст. Ин дар ҳолест, ки аз рӯи нормативҳои кишоварзӣ бояд ба 50 гектар майдони пахта 1-адад трактори шудгоркунанда, 1-адад трактори нақлиётӣ, 1-адад трактори байниқаторӣ, ҳамчунин пулук, чизил, тухмпошакҳо лозим аст.

Аммо харидории техникаи нав барои деҳқонони камбағал осон нест, чун арзиши гарон доранд. 





Роҳбарони хоҷагиҳои хурди навтақсимшуда низ мегӯянд ба хотири он ки техникаҳои кишоварзӣ монеи корашон нагардад, худашон роҳи ҳал ҷуста истодаанд. Аз ҷумла, чанде аз хоҷагидорон ба таҳияву пешниҳоди лоиҳаҳо ба сармоягузорон ва донорҳо рӯй овардаанд.


Масъулини филиали КВДҶ “Тоҷикагролизинг” дар вилояти Суғд мегӯянд, соли 2017 аз буҷаи Тоҷикистон 50 млн сомонӣ маблағ ҷудо гардидааст. Аммо ин маблағ на танҳо барои соҳаи кишоварзии вилояти Суғд, балки барои бахши кишоварзии  тамоми Тоҷикистон будааст. Ба ин миқдор маблағ дар назар аст даҳҳо техникаҳои кишоварзӣ харидорӣ гардида дар деҳоту ҷамоатҳо марказҳои хизматрасонии техникиро ба истифода диҳанд.


Бино ба гуфти коршиносон ягона роҳи муфидтари таъмини деҳқон бо техника ин ташкили марказҳои хизматрасонии техникӣ (МТС)-ҳо дар ҷамоату деҳоти кишоварзӣ маҳсуб мешавад, ки то ҷое мушкилоти дастрасии деҳқон ба техникаро сабуктар месозад. Инчунин инфрасохтори деҳот бояд аз нав тарҳрезӣ гардад. Яъне дар ҳар ҷамоату деҳот дар баробари марказҳои хизматрасонии техникӣ инчунин нуқтаҳои маслиҳатдиҳӣ, мағозаҳои фурӯши тухмӣ ва нуриҳои менералӣ, заҳрдоруҳо ташкил шавад. Ин имкон медиҳад, ки деҳқон аз ҳамон ҷамоат ё деҳаи худ аз мутахассисон  маслиҳат гирифта хоҷагидориро пеш мебарад. Барои ин бошад дониши кофии иқтисодӣ лозим аст...

                                                                     Ҳалим Ҷӯраев, журналист

Комментарии