Навъҳои гандуми Юсуфиву Сарвари тоҷикӣ дар майдони рақобат бо ғаллаи Қазоқистон

Тоҷикистон то ҳанӯз бо истеҳсоли гандуми маҳаллӣ наметавонад талаботи дохилии худро бо орд таъмин кунад. Аз рӯи таҳлилҳо соҳаи кишоварзӣ танҳо тақрибан 50 фоизи талаботи аҳолиро бо ин навъи ғаладонагӣ қонеъ мегардонаду халос.  Акнун  тасмим ҳаст кишти навъи гандуми Юсуфиву Сарвари тоҷикӣ дар хоҷагиҳои деҳқонии Тоҷикистон анъанавӣ гардад. Ин навъи гандум серҳосил буда пешгӯи карда мешавад,ки воридоти ғаллаву орди кишварҳои Руссияву Қазоқистонро коҳиш диҳад. Мирзоанвар Ахмедов вакили Кумита оид ба масъалаҳои аграрӣ дар МНМО ҶТ дар сӯҳбати телефонӣ гуф:

Тӯли ду соли охир нархи орд дар Тоҷикистон ҷасту хез дорад. Ин ҳолат боиси нигаронии сокинони кишвар низ гардид. Ба ҷузъ орд имрӯз дигар маҳсулотҳои ниёзи аввалия, ки асосан аз хориҷи кишвар ворид мегардад нисбатан гаронанд. Гурӯҳе аз коршиносон дар ин самт пешниҳод мекунанд, ки механизми рушди истеҳсолот таъғир дода шавад. Абдураҳмон Наҷмиддинов коршинос оид ба идораи молиявӣ ва буҷҷети давлатӣ бозори истеъмолии Тоҷикистонро ноустувор хонд.




Нишондишандаҳои расмӣ нишон медиҳанд, ки арзиши орд ба дигаргунии зиёд дучор омадааст. Инро шумо дар доданамои зер мушоҳида хоҳед кард:
онад.




Давоми 11 моҳи соли гузашта воридоти орд  ба Тоҷикистон тақрибан 24 фоиз кам шуда воридоти гандум 11 дарсад зиёд шудааст.  Аз рӯи таҳлил маълум аст, ки истеҳсолкунандагони гандум дар кишвар низ меафзоянд.Бо он ки нархи орд дар кишвар то рафт меафзояд, инро мақомот ва тоҷирон асосан дар беқурбшавии пулли миллӣ дар баробари доллари амрикоӣ маънидод мекунанд. Воридоти орд ба кишвар бо доллар сурат мегирад ва бозори Тоҷикистон ба орд ва гандуми берунӣ вобастагии зиёд дорад. Аммо оморҳо нишон медиҳанд, ки соли гузашта воридоти орд кам ва гандум афзоиш ёфтааст. Ба харитаи зерин нигаред: 



Комментарии