Ҷиноят ИНФОГРАФИКА

Раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд иттилоъ медиҳад, ки соли 2016 назар ба соли 2015 дар ин вилоят 68 ҷиноят камтар содир шудааст. Соли гузашта дар Суғд 5142 ҷиноят содир шуда буд, ки ин шумора дар соли 2015 ба 5210 ҷиноят баробар буд. Бино ба иттилои мақомоти милитсия соли гузашта ҷиноятҳои одамкушӣ, ғоратгарӣ, қаллобӣ, авбошӣ, истифода аз силоҳ, муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар, ҷиноятҳои иқтисодӣ назар ба соли 2015 кам шудааст. Аммо ҷиноятҳои ба монанди дуздии амволи ғайр, тамаъҷӯӣ, роҳзанӣ, нигоҳдошти ғайриқонунии силоҳи оташфишон, ҷиноятҳои такрории доғи судӣ доштагон афзоиш ёфтааст.  Дар инфографикаи зерин маълумоти пурра оид ба ҷиноятҳои 16 соли ахир гирдоварӣ шудааст.









Комментарии