Хуҷанд «шаҳри гулҳо» ИНФОГРАФИКА

Дар шаҳри Хуҷанд тасмим ҳаст соли ҷорӣ бештар ба парваришу шинонидани гули садбарг таваҷҷӯҳ зоҳир намоянд. Ин дар ҳолест, ки солҳои қаблӣ ба парвариши пиёзи лола ва шинонидани гули он афзалияти бештар медоданд. То ҳатто раиси шаҳри Хуҷанд Шариф Шарифзода чанд рӯз пештар дар нишати хабарияш иттилоъ дод, ки онҳо дар ду гармхонаи ин шаҳр қаламчаи гули садбарг ва дигар гулҳоро, ки беш аз 200 ҳазор мебошад омода карда истодаанд. Раиси шаҳри Хуҷанд бар он бовар аст, ки гулҳои садбарг соли 2017 қади кӯчаву хиёбонҳои ин шаҳрро зеб медиҳад. Ба ҷузъ ин бино ба гуфти Шариф Шарифзода онҳо бо гули садбарг пурра хиёбону қади кӯчаҳои Хуҷандро зеб медиҳанд ва эҳтимол меравад, ки гули садбаргро ба дигар шаҳру навоҳӣ низ интиқол диҳанд. Солҳои қаблӣ гулҳои ороишӣ аз кишварҳои дигар харидорӣ мешуд ва ҳоло воридоти он манъ ва ба парвариши чунин гулҳо дар Хуҷанд оғоз кардаанд.





                                  Коҳиши адади гулҳои ороишӣ дар Хуҷанд







Раиси Хуҷанд додани маблағ барои харидории гулҳоро манъ намуд


Охири соли 2016 раиси шаҳри Хуҷанд дар ҷаласаи ҷамъбастии хоҷагии халқи ин шаҳр гуфт, ки дигар аз буҷа барои харидории гулҳои ороишӣ додани маблағро манъ кардааст. Шариф Шарифзода гуфт, ки аз ин ба баъд танҳо барои харидории тухмии гул ва парваришу нигоҳубини он маблағ медиҳад. Ин иқдоми раиси шаҳр баъди он рӯи даст гирифта шуд, ки корхонаи кабудизоркунии Хуҷанд дар назди буҷа беш аз 1 млн сомонӣ қарзод шудааст. Раиси шаҳр ба масъулини ободонӣ гуфт, корхонаи кабудизоркунӣ дар ҳоли муфлисшавӣ қарор дорад ва бояд роҳҳои пешгирии он саривақт андешида шавад. Соли гузаштаи 2016  барои ободонии Хуҷанд аз буҷа 18 млн сомонӣ ва аз дигар манбаъҳо тақрибан 10 млн сомонии дигар маблағ ҷудо шудааст, ки қисми зиёди онҳо танҳо барои харидории гулҳои ороишӣ аз дохил ва хориҷи кишвар сарф шудааст.

Комментарии