Аз троллейбуси замоне бепул то ваъдаи воридоти автобус ба Хуҷанд (чандрасонаӣ)


Аз троллейбуси замоне бепул то ваъдаи воридоти автобус ба Хуҷанд (чандрасонаӣ)

Парки троллейбусҳои шаҳри Хуҷанд, ки тайи 36 сол ҳамчун мавзеъи ҷамъшавиву таъмири нақлиёти барқӣ буд баъди бозистоии 10 соли охир ба болои маҳаллаи 27 кӯчонида мешавад. Ин парк дар замони Шӯравӣ солҳои 1970 ташкил шуда буд ва дар оғоз беш аз 60-70 троллейбусро интиқолу қабул менамуд. Аз соли 2006 баъди фарсудаву таъмирталаб гардидани троллейбусҳо ҳаракати онҳо дар шаҳри Хуҷанд пура аз байн бардошта шуд. Акнун тасмим доранд парки троллейбусро аз маҳаллаи 20 ба болои маҳаллаи 27 кӯчонида ба он парки автобусҳо ном гузоранд. Ин дар ҳолест, ки дар шаҳри Хуҷанд автобуси ҷамъиятӣ мавҷуд нест ва тайи қариб 9 соли охир пайваста ваъдаи ворид намудани автобусро дар дили сокинон ҷой мекунанд. Масъулин мегӯянд, ки ба шаҳри Хуҷанд солҳои наздик 100 автобус ворид мешавад, аммо аз куҷо ва чи тавр будани он то ҳанӯз маълум нест. Таваҷҷӯҳ намоед ба ин маводи чандрасонаӣ, ки аз мушкилоти троллейбуссавори дар солҳои 1998 ва ваъдаи 9 солинаи автобуссаворӣ нақл мекунад.


Моҳи апрели соли 2015 мутахассисиони ширкати «АФ Сити план»-и Ҷумҳурии Чехия зикр карда буданд ки барои ҳаракати 100 автобус ба шаҳри Хуҷанд 9 хатсайр лозим аст. Ин хатсайрҳо аз дохили шаҳри Хуҷанд то шаҳрҳои Гулистон (собиқ Қайроққум), фурудгоҳи Хуҷанд ва ноҳияи Б.Ғафуров муқаррар шуда буд. Дар ин маводи чандрасонаӣ хатти ҳаракати ин хатсайрҳо нишон дода шудааст.

Комментарии