Тадбири зиддибӯҳронӣ ду дона нон?

                                    Тадбири зиддибӯҳронӣ ду дона нон? 



   Ин нонвойхонаи ҷамъиятии Ташкилоти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон дар вилояти Суғд аст, ки дар он ба камбизоатон рони ройгон пухта мешавад. Ҳамарӯза ба нонвойхонаи ҷамъиятӣ, ки дар шаҳри Хуҷанд воқеъ аст, атрофи 150 нафар меоянд, то соҳиби ду дона нон гарданд. Парвиз Ҷабборзода, раиси ҲАТ дар вилояти Суғд мегӯяд, ин иқдом як моҳ инҷониб дар пайи паёмадҳои бӯҳрони молиявиву иқтисодӣ, ки ба зиндагии мардум таъсиргузор аст, ба роҳ монда шудааст.  



  Аз рӯи маълумотҳои оморӣ танҳо ду моҳи аввали соли 2016 беш аз 4500 нафар сокини вилояти Суғд, ки  дар шароити вазнини иқтисодӣ умр ба сар мебаранд ба кайд гирифта шудаанд. 70 дарсади онҳо занони серфарзанду бешавҳар мебошанд. Мисол дар шаҳри Хуҷанд беш аз 1500 нафар ниёзмандон дар қайд мебошанд, ки 35 фоизашон модарони танҳо ва 15 дарсад занони маъюб мебошанд. Гайр аз ин дар шаҳру ноҳияҳои Мастчоҳ, Шаҳристон, Истиқлол ва Бобоҷон Ғафуров нафароне, ки аз набудани маҳсулоти хӯрока азият мекашанд ба маротиб зиёд будаанд. Ба ин инфографикаи зер нигоҳ кунед, ки дар он сатҳи камбизоатӣ дар вилоятҳои Тоҷикистон ҷойгир кунонида шудааст. 



Аз рӯи таҳлилҳо маълум аст, ки Тоҷикистон яке аз кишварҳои камбизоаттарини Осиёи Марказӣ маҳсуб мешавад. Ва имсол дар як вазъияти бӯҳрони иқтисодӣ ин ҳолат аз эҳтимол дур нест, ки боз  вазъро тангтар кунад. Ҳукумати кишвар барои паст кардани сатҳи камбизоатӣ чораҳои мушаххасро амалӣ мегардонад. Дар Паёми навбатии Президент, ин яке аз масъалаҳои аввалиндараҷа маҳсуб мешуд.
 «Сатҳи камбизоатӣ то 31 фоиз паст гардид ва маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба ҳар сари аҳолӣ 3,8 фоиз зиёд шуд. Маблағи пасандозҳо дар давоми сол 9 миллиард сомонӣ ё 35 фоиз афзуд. Нишондиҳандаҳои зикршуда ба идома пайдо кардани тамоюли беҳтар гардидани вазъи демографӣ ва тандурустии аҳолӣ мусоидат намуданд, ки дар натиҷа дарозумрии миёнаи шаҳрвандон ба 73,5 сол расид ва шумораи фавти модарону кӯдакон нисбат ба солҳои пешин хеле коҳиш ёфт. Вале ин иқдом дар сархати тадбирҳои аввалиндараҷаи Ҳукумати мамлакат дар соли 2016 боқӣ мемонад, зеро ман борҳо таъкид кардаам, ки муҳайё намудани шароити ҳарчи беҳтари зиндагӣ барои сокинони кишвар ҳадафи олитарини фаъолияти Президент ва Ҳукумат мебошад». Паёми Президенти ҶТ ба Маҷлиси Олӣ, 16,01,2016
  Дар ҳоле, ки мувофиқи омори расмӣ сатҳи камбизоатӣ 31 фоиз нишон дода мешавад, аммо коршиносон ин рақамро бештар медонанд. Ба гуфтаи Зулфиқори Исмоилиён, коршинос ва рӯзноманигори тоҷик омори ғайрирасмии камбизоатӣ дар кишвар аз 60 фоиз бештар аст. 


Барои коҳиш додани сатхи камбизоатӣ чанде қабл ташкилоти Рушди инсон ба Тоҷикистон се нуқтаи асосиро тавсия дода буд. Ин такмил додани идоракунии давлатӣ, мусоидат ба рушди устувори иқтисодӣ ва  рушди инсонӣ мебошад. То куҷо ин тавсияҳо амали гашта истодаанд. Абдураҳмон Наҷмиддинов-иқтисоддони тоҷик дар ин самт аз иқдому барномаҳои давлатӣ ёдовар шуд.


Омори Тоҷикистон бозгӯи он аст, ки нишондиҳандаҳои иқтисодӣ дар кишвар беҳтар мешавад. Бо ин назардошт, маблағгузорӣ дар самти некӯаҳолии мардум камбе бошад ҳам бештар мешавад. Аммо маблагғузориҳое, ки барои чорабиниҳои иҷтимоӣ равона мешаванд, дар умум нокифоя арзёбӣ мегарданд. Абдураҳмон Наҷмиддинов мегӯяд, «Соли 2016 аз рӯи ҳисобҳои пешаки 3,2 млрд ҷиҳати маблағгузории чорабиниҳои иҷтимоӣ, махсусан барои буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа пешбини гардидааст. Дар ин ҷо ҳам маблағи ҷубронпулиҳо, дар доираи ин маблагҳо пешбини гаштааст. Ин 5,6 фоизи ММД-ро дар бар мегирад».    



 158 сомониву 71 дирам ин  аст хатти байни фақиру миёнҳол дар Тоҷикистон. Агар як нафар ҳамин маблағро дар 1 моҳ барои рӯзгузаронӣ сарф кунад, ӯро мешавад, ба рӯйхатти афроди камбизоат ворид кард. Шурӯъ аз соли 2015 акнун дар Тоҷикистон фақиру миёнаҳолон на аз рӯи хароҷоти якрӯза балки якмоҳаашон муайян карда мешаванд. Аз рӯи ҳамин нишондод 32 дарсади аҳолии Тоҷикистон камбизоат дониста мешаванд. Яъне агар гӯем аз 8 миллион аҳолии кишвар беш аз 2,5 миллион нафар дар як моҳ барои хӯрдану пӯшидан ва бароварда кардани дигар ниёзҳояшон то 158 сомонӣ пул масраф мекардаанд ва ба қатори афроди камбизоат шомил ҳастанд. Коршиноси мавзӯъ Зулфиқори Исмоилиён дар ин маврид мегӯяд, ки меъёри муайян кардани сатҳи камбизоати дар Тоҷикистон дуруст ба роҳ монда нашудааст.


  Дар ин барномаи мултимедиявӣ сатҳи бекории 5 соли ахир дар вилояти Суғд нишон дода шудааст. Ин худ як пахлӯи баҳсбарангези масъала аст. Зеро дар пайи набудани ҷойи кори хоҳу нохоҳ сатҳи зиндаги поён фаромада вазъро боз душвортар мегардонад.


Шумораи расмии бекорон
Create column charts
Маълумоти бештарро бобати сатҳи камбизоатиро метавонед аз ин маводи мултимедиявӣ ба даст оред. Дар ин ҷо бобати маблағгузориҳои Ҳукумат ба соҳаи иҷтимоӣ ва сатҳи камбизоатӣ дар чанд соли ахир нишон дода шудааст. Инчунин бобати тақсимоти ду дона нони ройгон дар шаҳри Хуҷанд, ки дар оғоз гуфта будем гузориши махсусе низ сохта ҷойгир кунонидаем. 

Комментарии