Суғд: 2 млн 9 ҳазору 520 сомонӣ кӯмакпулӣ ба ҷанговарон

                Суғд: 2 млн 9 ҳазору 520 сомонӣ кӯмакпулӣ ба ҷанговарон

   Дар фосилаи як соли ахир дар вилояти Суғд 72 нафар иштирокчии ҶБВ фавтиданд. Ҳоло миқдори иштирокчиён дар ин вилоят хело кам мондаанд, ки барои беҳтар гардидани сатҳи зиндагии ҷанговарон аз буҷаи МИҲД 2млн 9 ҳазору 520 сомонӣ кӯмакпулии ҳармоҳина ҷудо гардид. Боз барои муолиҷаву харидории дору танҳо ба муассисаҳои тиббии маркази вилоят шаҳри Хуҷанд 60 ҳазор сомонӣ маблағ ихтисор шудааст, ки ин миқдор маблағ барои муолиҷаи ройгони иштирокчиёни ҷанг равона мегардад. Раисони шаҳру ноҳияҳо низ муваззаф шудаанд, ки аз буҷҷаи маҳаллӣ ба марказҳои саломативу беморхонаҳои ноҳиявӣ маблағ ҷудо кунанд то ба ҷанговарон ройгон хизмат расонида шавад. Маълумоти бештарро метавонед аз ин маводи мултимедиявӣ ба даст биёред.

Комментарии