Мағозаҳоро дар Хуҷанд мефурӯшанд

  Соҳибкорон дар шаҳри Хуҷанд қисме аз масоҳати мағозаву нуқтаҳои савдои худро ба иҷора медиҳанд. Тайи чанд ҳафтаи ахир дар даромадгоҳи аксар марказҳои хизматрасонӣ навиштаҷоти «ба иҷора дода мешавад, қисме аз мағоза ё биноро ба иҷора медиҳам» пайдо шуда дар ҳоли зиёдшави мебошад. Бештари соҳибкорон ин ҳолатро ба вазъи бӯҳрони иқтисодии кишвар вобаста карда мегӯянд, ки ин иқдоми онҳо барои кам кардани пардохти андоз рӯи даст гирифта шудааст. Зеро ҳоло аз тиҷорат овардаи фоида хуб душвор шудааст. Аз ин рӯ соҳибкорон маҷбур шудаанд барои рӯйпӯш кардани қисме аз хароҷоти андоз мағозаҳои худро ба иҷора диҳанд.


Навиштаҷоти  бо забони русӣ «сдаётся в аренду, сдаётся часть магазина или помещения»-ро сари ҳар қадам дидан мумин аст. Маълум мешавад, ки дар шаҳри Хуҷанд ҷойи рекламаву овезаҳои тарғиботиро навиштаҷоти “ба иҷора медиҳам ё мефурӯшам” гирифта истодааст. Мухтор Мунавваров як сокини шаҳр пайдо шудани чунин навиштаҷотҳоро ба бӯҳрони иқтисодӣ вобаста кард. Ба ҷузъ ӯ инчунин дигар шаҳрвандон низ мегӯянд, ки дар чунин шароити душвори иқтисодӣ машғул шудан бо тиҷорат душвортар хоҳад шуд.

Аз рӯйи гуфти соҳибкорон вақтҳои охир дар бозор савдо суст буда гоҳо давоми чанд рӯзҳо касе аз растаи моли онҳо дидан намекунад. Вақте, ки ба мол эҳтиёҷ нашуд харидор ҳам намешавад. Аз ин рӯ соҳибкор маҷбур дари мағозаву корхонаҳояшро маҳкам кунад ё коргоҳро ба фурӯш гузорад. Бино ба маълумотҳои оморӣ соли гузашта беш аз 22 ҳазор соҳибкорон дар Тоҷикистон аз фаъолияти соҳибкорӣ даст кашиданд, ки яке аз сабабҳои он надидани фоида аз тиҷорат дониста мешавад. Сабаби дигарро коршиносон аз набудани имтиёз барои соҳибкорон ва то рафт пурзӯр шудани меъёрҳои андозбандӣ унвон мекунанд.

Комментарии