Тоҷикистон чавгонбозони номии худро надорад
  Дар вилояти Суғд дӯстдорони бозии чавгон, ки қаблан ба ҳайси човандоз маъруфият пайдо карда буданд ба беш аз 70 нафар расиданд. Аслан чавгонбозӣ дар Тоҷикистон нав аст ва он ҳам танҳо дар шаҳри Хуҷанд дар пайи рушдёбист. Моҳи марти соли 2015 дар маркази вилояти Суғд мактаби чавгонбозӣ фаъол шуд, ки аз ин пас дар ин ҷой ба дӯстдорони асп бозии чавгон омӯзонида мешавад. Ҳоло дар майдони чавгони асп беш аз 40 нафар бонувону ҷавонон чавгонбозиро меомӯзанд. Барои ин аспҳои хушзот, ки мутеъ карданашон нисбатан осонтар аст нигоҳубинӣ карда мешаванд. Айни замон беш аз 25 сар аспҳои зоти англисиву ахалтанӣ ва туркиву тоҷикӣ, ки барои чавгонбозӣ муфид дониста мешаванд парвариш меёбанд. Абдуло Шодиев методисти мактаби чавгон дар шаҳри Хуҷанд зимни сӯҳбат чанде аз роҳҳои рушди бозии чавгонро ёдовар шуд. 


Давронхон Алиев як тан аз дустдорони асп чанд вақт пештар дар якҷоягӣ бо дигар дӯстонаш аспхона сохтанд. Акнун дар ин аспхона зоти гуногуни асп парвариш ёфта ба бозии чавгон омода карда мешаванд. Асппарвар мегӯяд барои чавгон якумаш аспи зоти англисӣ хубтар аст. Зеро суръати ҳаракату гардиши ин асп тезтар буда ром кардану омӯзониданаш осонтар аст. Агар хуни зоти англисӣ бо дигар зотҳо якҷоя шавад аспҳои хубе барои чавгонбозӣ тавлид мешудааст. 
Давронхон Алиев аз ҷумла гуфт: То бозии чавгон аввал аспҳоро бароварда 5-10 дақиқа роҳ равондан лозим аст. Баъдан роҳгардии тез ва лӯкка давонидан лозим. Сипас оҳиста-оҳиста ба бози ворид карда ба асп чавгонбозиро омӯзонидан хуб аст. Мо ба чанде аспҳо Дракон, Бодом, Прогресс, Авалон, Спартак номгузорӣ кардем. Бештари ин аспҳо зоти англисиву тоҷикӣ аст, ки хело дар майдон бозии хуб нишон медиҳанд

Аслан бозии чавгон бо асп 14-15 дақиқа давом мекунад. Ба майдон ду дастаи чавгонбозон, ки ҳар яке иборат аз 4 нафарӣ мебошанд бо аспҳои хушзот ворид мешаванд. Чавгонбозон мегӯянд, ки ҷаззобияти бози аз ҳаракати асп вобаста аст. Барои чавгонбоз маҳорат лозим аст, ки аз болои асп тӯби дар майдон бударо гирифта то ба дарвоза партояд. Яъне чавгон ҳам ба мисли бозии футбол аст. 



Чанд вақт пештар 8 нафар чавгонбозон давоми 40 рӯз ба Ҷумҳурии Исломии Эрон сафар карда аспсавориву чавгонбозиро омӯхта омаданд. Ғайр аз ин ду нафар мураббиёни ин навъи бози аз Эрон ба Хуҷанд омада чавгонбозиро ба дустдорони асп омӯзониданд. Аз федератсияи чавгони ин кишвар гуфтаанд, ки Эрон ҷонибдори рушди ин навъи бози дар Хуҷанд аст. Бино ба маълумотҳо ҳоло Ҷумҳурии Исломии Эрон талош дорад то ин ки чавгон ҳамчун ҷузъи фарҳангу ёдгории қадимаи кишварҳои форс эътироф карда шавад. Ин дар ҳолест, ки чанд сол қабл кишвари Озорбойҷон чавгонбозиро ҳамчун фарҳангу ёдгории қадимаи худ ба феҳрасти ЮНЕСКО пешниҳод кардааст. Ҷониби кишварҳои форсизабон мегӯянд, ки таърихи пайдоиши чавгони асп аз асрҳои 4-5 пеш аз милод маншаъ мегирад ва ин навъи бозиро на инки озорбойҷонҳо балки мардуми форсзабон ба миён овардаанд. Шумо дар ин гузориши видеоӣ метавонед аз бурду бохти махтаби чавгон дар Хуҷанд маълумот гиред. 

Комментарии