154 сомонӣ, андозаи ҳадди ақали нафақа дар шонздаҳ сол (Чандрасонаӣ)

Аз 205 ҳазору 632 нафар нафақагирони дар вилояти Суғд мавҷуд буда, нафақаи 156 ҳазору 892 нафар ё худ 76,3% бозҳисобӣ шудааст. Яъне, ин гуруҳи нафақагироне маҳсуб мешаванд, ки шурӯъ аз оғози моҳи июли соли ҷорӣ ҳаҷми нафақаашон то 30% боло рафт.

Аз Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи вилояти Суғд иттилоъ доданд, ки то бозҳисобии моҳи июли соли 2016 талаботи моҳонаи нафақа дар ин вилоят тақрибан ба 45 млн. сомонӣ баробар буд. Баъд аз бозҳисобӣ ин рақам ба 51,8 млн. сомонӣ боло рафтааст. Масъулин дар моҳи август 8 млн. сомонӣ иловапулии моҳи июлро ба нафақагирон пардохт кардаанд. Яъне, баъд аз зиёд шудани нафақа дар Тоҷикистон талаботи якмоҳаи нафақапулӣ дар Суғд аз 45 млн. сомонии моҳҳои гузашта, танҳо дар як моҳи август ба 59,9 млн. сомонӣ баробар шудааст.



Сар аз 1-уми июли соли ҷорӣ ҳисоби миёнаи нафақа дар вилояти Суғд ба 250 сомонӣ боло рафтааст, ки қаблан то ба имзо расидани Фармони Президенти Тоҷикистон 217 сомониро ташкил медод. Яъне, ҳисоби миёнаи нафақа дар Суғд назар ба моҳҳои май-июни соли ҷорӣ дар моҳҳои июл-август 33 сомонӣ афзудааст.



Дар панҷ соли ахир дар вилояти Суғд теъдоди нафақагирон ва ҳаҷми маблағҳои ҷудошуда ба ин соҳа афзоиш ёфтааст. Дар соли 2012 талаботи солонаи нафақа дар ин вилоят 3 миллиону 638 ҳазору 390 сомонӣ буд ва дар соли 2015 талаботи солонаи нафақа дар Суғд ба 5 миллиону 480 ҳазору 300 сомонӣ боло рафтааст. Аз оғози соли 2016 то моҳи августи соли равон талаботи нафақапулӣ дар ин вилоят ба 3 миллиону 800 ҳазору 500 сомонӣ баробар шудааст.



То моҳи июли соли ҷорӣ андозаи ҳадди ақали нафақа аз рӯи синну сол 130 сомонӣ буд. Шурӯъ аз 1-уми июли соли ҷорӣ он то ба 156 сомонӣ боло рафт. Ҳадди ниҳоии нафақа аз 624 сомонии солҳои қаблӣ то ба 748 сомониву 80 дирам зиёд шуд. Он нафақагироне, ки бешуғл ва дар ягон идораву корхона кор намекунанд, мувофиқи меъёр 30%, ё худ 46 сомониву 80 дирам нафақапулияшон зиёд гардид. Он нафақагироне, ки ҳоло дар ягон идораву ташкилот ва ё хоҷагиҳои деҳқонӣ кор мекунанд, нафақаашон бозҳисобӣ намешавад. Аз рӯи маълумоти масъулин дар Суғд 20%-и нафақагирон ба ин гуруҳ дохил мешаванд, ки нафақаашон бозҳисобӣ ва ё изофа нашудааст.



Муовини сардори Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар вилояти Суғд Манзура Мавлонова мегӯяд, ҳоло дар шаҳру ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров, Деваштич (собиқ Ғончӣ), Зафаробод, Конибодом, Кӯҳистони Мастчоҳ, Панҷакент ва Ҷаббор Расулов ҷараёни пардохти нафақаи бозҳисобӣ шуда идома дорад.



Бино ба маълумоти оморӣ, соли 2000-ум андозаи миёнаи нафақаи якмоҳа 3 сомонию 90 дирамро ташкил дода, андозаи ҳадди ақали нафақаи пиронсолӣ дар вилояти Суғд ба ҳисоби миёна, дар як моҳ 2 сомониро ташкил медод. Дар соли 2005 бошад, андозаи миёнаи нафақаи якмоҳа ба 25 сомониву 80 дирам баробар шуда, андозаи ҳадди ақали нафақаи пиронсолӣ ба ҳисоби миёна дар як моҳ ба 12 сомонӣ баробар будааст. Дар фосилаи 16 соли ахир андозаи ҳадди ақали нафақа дар вилоят 154 сомонӣ зиёд шудааст.



Чанде аз нафақагирон дар шаҳри Хуҷанд, ки алакай аз нафақаи барзиёдшуда баҳраманд шудаанд, дар суҳбат аз зиёд шудани ҳаҷми нафақаашон дар соли ҷорӣ изҳори хушнудӣ ҳам карданд. Абдулаҳай Раҳимов собиқадори ВКД буда, 46 соли умри худро дар ин ниҳод паси сар кардааст. Ӯ ҳоло даврони пирӣ меронад ва аз зиёд шудани нафақааш дар моҳи июли соли 2016 шод мебошад.


Яке аз сабабҳои зиёд шудани нафақа дар соли ҷориро коршиносон аз 3,3 млрд. сомонӣ ё 19,8% зиёд шудани буҷаи давлатии Тоҷикистон назар ба буҷаи соли 2015 медонанд. Имсол буҷети давлатии кишвар ба 18 миллиарду 594 миллиону 441 ҳазор сомонӣ баробар шуд, ки аз он 3,1 млрд. сомонӣ ба соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ва нафақа равона шудааст, ки афзоиши он 211,0 млн. сомониро ташкил медиҳад.


Иқтисоддон Абдумавлон Азимов бар он бовар аст, ки зиёд шудани ҳаҷми нафақаи бознишастагон як андоза барои беҳбудии зиндагии онҳо мусоидат мекунад. Аммо дар шароити феълӣ андозаи нафақа ба талаботи бозори истеъмолии Тоҷикистон мутобиқат намекунад. Иқтисоддон мегӯяд, бо вуҷуди он, ки буҷаи Тоҷикистон иҷтимоӣ аст, вале он ҳамоно назар ба кишварҳои рӯ ба тараққӣ хеле заиф аст. Аз ҷумла, ҷаноби Азимов мегӯяд, бо ин нафақаи таъингардида номгӯи маводи сабадчаи истеъмолиро, ки дар кишварҳои Ғарб то ба 500 адад баробар аст, наметавон таъмин кард: “Аксари нафақагирон дар вилояти Суғд 156 сомонӣ дар моҳ нафақа мегиранд. Ин албатта, барои пурра таъмин намудани сабатчаи истеъмолии моҳонаи онҳо басандагӣ намекунад. Хусусан дар шаҳрҳо нафақагироне мавҷуд ҳастанд, ки аз ин моҳ ба моҳи дигар бо умеди нафақа умр ба сар мебаранд ва манбаи аслии даромади оилавиашон низ ҳамон нафақа аст”.



 Ҳалим ҶЎРАЕВ, журналист СМ-1

Комментарии